«Ганҷи Исфара»-маҳфили фарҳангӣ

Февраль 4, 2015 08:46

Душанбе, 04.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Маҳфили нахустини суханварони Исфара-«Ганҷи Исфара» дар Қасри шифокорони истироҳатгоҳи «Зумрад» баргузор гардид. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мудири бахши рушди иҷтимоиёт ва робита бо ҷомеа Собир Рустамов аҳли маҳфилро шодбош гуфта,  шоир Акмалхӯҷа Акрамов аз ашъори худ барои аҳли маҳфил намунаҳо қироат кард, ки мавриди писанди ҳозирин қарор гирифт.
Қисмати дигари маҳфил ба ҳаёту эҷоди шоири ӯзбекзабони Исфара ва тарҷумони мумтоз Одил Икром бахшида шуд, ки ба 55- солагии зодрӯз ва 30- солагии оғози фаъолияти эҷодиаш рост омад. Зимнан бояд гуфт, ки Одил Икром дар муаррифии адабиёти тоҷик дар кишвари Ӯзбекистон саҳми назаррас дорад. Тарҷумаи ашъори Фурӯғи Фаррухзод, «Модарнома»-и Лоиқ, шеърҳои Фарзона, Аҳмадҷони Раҳматзод, Озарахш, Озар маҳсули заҳматҳои ӯст. «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхиро тарҷума кардааст, ки дар дасти чоп аст. Ҳамчунин ашъори 70 тан аз шоирони муосири тоҷикро ба ӯзбекӣ баргардон кардааст, ки ҳамин сол дар Тошканд бояд ба табъ расад.
Одил Икром масъулияти хешро чун пайвандгари адабиёт шинохтааст ва дар ин ҷода устувор қадам мезанад.
Маҳфили «Ганҷи Исфара»-ро инчунин шеърхонии шоирон Исматуллоҳи Абдуллоҳ ва Нарзуллои Азизиён ва ҳунарнамоии ҳофизи шинохта Юсуфхӯҷаи Қурбон ҷило бахшид.
 
 

Февраль 4, 2015 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад