Ифтитоҳи толори варзишӣ дар деҳаи Боғев
Душанбе, 07.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар деҳаи Боғеви деҳоти «Сучон»- и ноҳияи Шуғнон чанде пеш толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Сохтмони толори варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Боғев соли 2011 бо супориши бевоситаи Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, дар муҳлати муқарраргашта бо сифати баланд анҷом дода шуд.
Толори мазкур бо маблағгузории давлатӣ аз ҷониби ташкилоти сохтмонии «Шариф» бунёд гардид. Барои бунёд ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани он беш аз 2, 2 миллион сомонӣ масраф гардидааст.
Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед дар маросими мавриди истифода қарор додани ин иншоот гуфт, ки соли 2014 дар қаламрави вилоят сохтмони беш аз 100 иншооте, ки аҳамияти иқтисодӣ- иҷтимоӣ доранд, сохта шуд ва яке аз ин иншооти муҳташам толори варзишӣ мебошад. Ин имконият фароҳам меорад, ки ҳар чӣ бештар ҷавонону наврасон ба намудҳои гуногуни варзиш на фақат дар фаслҳои гарми сол, балки дар фасли зимистон ҳам машғул шаванд.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






