Интихобот-2015: Пагоҳ «Рӯзи хомӯшӣ»

Февраль 27, 2015 16:36

Душанбе, 27.02.2015. (АМИТ «Ховар»).  Аз соати 00:00-и 28-уми феврал дар Тоҷикистон «Рӯзи хомӯшӣ» — як рӯз пеш аз интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо оғоз мешавад.
Пас аз нимашаб дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳамагуна таблиғот, барномаҳои ташвиқотии радиоӣ ва телевизионӣ, инчунин паҳн намудани онҳо дар ВАО-и чопӣ манъ мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи қонунгузории ҷории марбут ба интихобот ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз рӯзи бақайдгири номзадҳо (феҳристи номзадҳо) оғоз гардида, як шабонарӯз пеш аз интихобот қатъ мегардад.
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон 1-уми март баргузор мешавад.
Ба палатаи поёнии парлумон 63 номзад интихоб мегарданд: 41то аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ва 22 то аз феҳристи ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳавзаи интихоботии ягонаи ҷумҳуриявӣ.

Февраль 27, 2015 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад