Кӯлоб ва Воронеж — пойтахтони фарҳангӣ дар соли 2015

Февраль 27, 2015 10:19

Душанбе, 27.02.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). -Сафири ҶТ дар ФР Имомуддин Сатторов ҷиҳати иҷрои дастури Президенти мамлакат оид ба тақвият бахшидани робитаҳои зичи ҳамкорӣ бо намояндагони расмӣ ва ҷамъиятии минтақаҳо, ки дар Паёми навбатияшон ба МО ироа шуд, бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Воронеж вохӯрд. 
-Баргузории чунин маҳфилҳо метавонад дар муарррифии фарҳангу тамаддуни пурғановати миллати тоҷик ва таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстонаи халқияту миллатҳои маскуни ФР саҳми муносиб гузорад, -изҳор дошт Имомиддин Сатторов.
Бояд гуфт, ки имрӯз намояндагон ҶТ низ дар баробари шаҳрвандони дигар кишварҳо дар манотиқи гуногуни ФР кору иқомат намуда, ҳам дар беҳдошти рӯзгори худ ва ҳам рушду тараққиёти хоҷагии халқи кишвари қабулкунанда саҳм мегузоранд. Ин аст, ки дастпарварони соҳаҳои илму фарҳанг санъату варзиши Тоҷикистон бо заҳмату ҳалолу натиҷаҳои назаррас дар ҷомеаи Русия мақому мартабаи хосаро касб кардаанд.
Дар вохӯрӣ  ҳамчунин намояндагони расмии маъмурияти вилоят ва шаҳри Воронеж, ҷамъиятҳои дигар миллатҳо ширкат намуда, бо дастовардҳои Точикистони соҳибистиқлол, ки тавассути маводи видеоии пешкаш гардид, ошной пайдо карданд.
Тавре ки дар Паёми Президенти мамлакат таъкид шуд, аксари ҷавонони бонангу номуси кишвар дар пайи таҳсил, интихоби касб ва аз худ кардани техникаву технологияҳои муосир талош намуда, дар дохилу хориҷи мамлакат илму донишҳои муосир ва барои кишварамон заруриро аз бар карда истодаанд.
«Имрӯзҳо беш аз 12 ҳазор нафар ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманди мо дар хориҷи кишвар аз ҳисоби давлат таҳсил менамоянд. Аз ин шумора дар муассисаҳои таҳсилоти олии ФР бештар аз 5 ҳазор ҷавонон бо дастгирии Ҳукумати кишвар, тавассути квотаҳои президентӣ ва барномаҳои давлатӣ бо илмомӯзӣ машғуланд. Аз ҷумла дар шаҳри Воронеж бештар 200 донишҷӯи тоҷик дар бахшҳои гуногун таҳсили илм намуда, ният доранд соҳиби касбу ихтисос шуда, ба ватани маҳбуб хизмати содиқона кунанд»,-таъкид дошт Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола.
Бино ба иттилои хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,  Имомуддин Сатторов дар доираи сафар ба Воронеж бо роҳбарияти вилоят ва шаҳр мулоқотҳои судманд анҷом доданд. Масъалаҳо марбут ба дарёфти роҳҳои мутақобилан судбахши байни Тоҷикистону вилояти Воронеж бо губернатори вилояти Воронеж Алексей Гордеев дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорату савдо, сармоягузорӣ, туризму варзиш, илму фарҳанг ва муҳоҷират дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо назардошти иқтидори мавҷудаи Тоҷикистон ҷонибҳо омодагии худро баҳри рушди ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ изҳор намуданд. Зимни мулоқот пешниҳоди Имомиддин Сатторов оид ба таъсиси маркази корӣ, ки имкони муаррифии иқтидори истеҳсолию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ намояд, аз ҷониби губернатори Воронеж пазируфта шуд.
Шаҳрҳои Кӯлоб ва Воронеж пойтахтони фарҳангии кишварҳои аъзои ИДМ дар соли 2015 эълон шудаанд. Баргузории чорабинихои муштарак дар ҳошияи ин тадбир ва дигар масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар вохӯрии сафири Тоҷикистон бо мири шаҳри Воронеж Александр Гусев баррасӣ гардид.
-Яке аз вазифаҳои муҳими намояндагии расмии Тоҷикистон дар Русия ин ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ маҳсуб меёбад,- гуфт Имомуддин Сатторов ва афзуд, ки татбиқи меъёрҳои қонунгузории федералии оид ба танзими муҳоҷират бояд қабл аз ҳама бо назардошти риояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон сурат бигирад. Намояндагони мақомоти муҳоҷирати вилоят оид ба вазъи муҳоҷират ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо дар мавсими нав маълумот доданд.

Февраль 27, 2015 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст