Маблағгузории сиёсати рушд барои дастгирии барномаи ислоҳот

Февраль 10, 2015 10:25

Душанбе, 10.02.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи марказӣ Сароҷ Кумар Ҷҳа зимни сафари хеш ба Тоҷикистон ҷиҳати муҳокимаи лоиҳаҳои ҷорӣ ва ба нақша гирифташудаи Бонки ҷаҳонӣ, ки ба мусоидат намудан ба сатҳи баланди зиндагӣ барои мардуми Тоҷикистон равона шудаанд, гуфт: 
“Бинобар тағйирёбии вазъият дар хориҷи кишвар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон суст мегардад ва осебпазирии он аз ин таконҳо афзоиш меёбад. Мо бо ҳамкорони худ дар ҳукумати ин мамлакат масъалаҳои марбут ба роҳу воситаҳои дастгирии Тоҷикистонро аз ҷониби Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар бахши ҳифзи хонаводаҳои камбизоат ва беҳсозии идораи макроиқтисодӣ, фароҳам овардани шароити созгор барои соҳибкорӣ ва таҳкими бахшҳои давлатӣ ва молиявӣ мавриди муҳокима қарор додем.”
 Афзоиши воқеии ММД дар Тоҷикистон дар соли 2014 суст гардида, 6,7 фоизро ташкил дод ва буҳрони шадиди иқтисодӣ дар Русия ба дурнамои рушд ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар соли 2015 таъсири манфии худро мерасонад. Мутобиқи ҳисоботи охирини Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Дурнамоҳои иқтисодии ҷаҳонӣ” пастравии шадид ё худ мунтазами нарху навои маҳсулот ё коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқоли маблағҳо аз Русия, ки сарчашмаи асосии интиқоли маблағ ба минтақа ба ҳисоб меравад, барои кишварҳои ИДМ хавфҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд ва хусусан Тоҷикистон аз ин гуна таконҳо осебпазир аст. Бонки ҷаҳонӣ пешбинӣ менамояд, ки дар соли 2015 рушди иқтисодии Тоҷикистон то ба 4,2 фоиз коҳиш меёбад.
 Маблағгузории иловагии 10 миллион доллари ИМА ба лоиҳаи амалкунандаи Беҳсозии хадамоти тандурустӣ ба такмили саломатии модар ва кӯдак тавассути тавсеа бахшидан ба роҳу равишҳои ба натиҷа асосёфта мусоидат мекунад. Лоиҳаи нав ба маблағи 15 миллион доллари ИМА оид ба Таҳсилоти олӣ ба таҳкими низоми таҳсилоти олӣ ва баланд бардоштани дараҷаи мутобиқати барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнат равона шудааст. Барнома дар соҳаи энергия дар фасли зимистон ҳам дар нақша гирифта шудааст. Ғайр аз ин, ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ силсилаҳои эҳтимолӣ ва нави маблағгузории сиёсати рушдро барои дастгирии барномаи ислоҳот бо мақсади таҳкими тобоварии Тоҷикистон ба фишорҳо ва эҷоди замина барои рушди фарогир ва эҷоди шуғл баррасӣ мекунанд.
 “Бо додани афзалият ба лоиҳаҳое, ки ба таъсиси ҷойи кор, ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди минтақаи деҳот равона шудаанд, мо ба он умед мебандем, ки таъсири пастшавии суръати рушди иқтисодӣ дар минтақаро ба аҳолии Тоҷикистон сабук гардонем”, гуфт Патрисиа Виверс-Картер, роҳбари кишварии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон. “Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки сармоягузориҳои мо дар соҳаи маориф, тандурустӣ, инфрасохтори мунисипалӣ ва энергетика ба фароҳам овардани шароити муносиб барои оилаҳои шаҳру деҳот равона  шудаанд”.
 Ҷузвдони фаъоли Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ 12 лоиҳаро ба маблағи умумии 185,1 миллион доллари ИМА дар бар мегирад, ки ба дастгирии рушди иқтисодӣ тавассути рушди бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ ба хадамоти барои мардум муҳим, ба монанди таҳсилот, тандурустӣ, хадамоти мунисипалӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ равона шудааст. Аз соли 1996 инҷониб Бонки ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон аз Ассосиатсияи байналмилалии рушд ва захираҳои фондҳои эътимод (траст фонд) ба маблағи 978 миллион доллари ИМА грант ва қарзҳои имтиёзнок таъмин кардааст. Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст, ки дастгирии Тоҷикистонро идома бахшад, зеро ин кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ки зиндагии мардумро беҳтар гардонад ва ба амалишавии орзуҳои насли ҷавон ва наврас мусоидат намояд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат хабар доданд. 
 
 

Февраль 10, 2015 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд