ММПИ озмуни ихтироъкори беҳтаринро эълон мекунад
Душанбе, 11.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и (МД ММПИ) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 22-солагии таҷлили маркази мазкур ва ба муносибати «Рўзи ихтироъкорон ва навоварон»-и кишвар, «Рўзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ» озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон дар солҳои 2013-2014» -ро эълон менамояд.
Тавре ки дар ин бора аз муасиссаи мазкур хабар доданд, тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати иштирок дар озмун довталабон ба унвонии Кумитаи тадорукот ариза, варақаи шахсӣ, рўйхати ихтироъҳоро бо патентҳо ва нахустпатентҳои ҳифзшуда дар Тоҷикистон ё патенти Авруосиёгӣ бо ишораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аризаҳо, ки аз рўи онҳо барои додани патентҳо ва нахустпатентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳо бароварда шудаанд, пешниҳод мекунанд.
Инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар намуди татбиқи ихтироъ, самараи иқтисодӣ (бо нишондоди маблағи фоида) ва ё иҷтимоӣ аз ҳар як ихтирои татбиқшуда қабул мешаванд.
Натиҷаҳои озмун дар ҷаласаи тантанавие, ки дар МД ММПИ дар аввали моҳи июни соли 2015 гузаронида мешавад, эълон мешаванд.
Ғолибони озмун бо Ҷоизаи олӣ (медали тиллоӣ)-и Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, Ҷоизаи олии Идораи патентии Авруосиёӣ — медали тиллои ба номи В.И.Блинников, Ҷоизаи олии МД ММПИ «Нишони фахрӣ», дипломҳои дараҷаи аввал, дувум ва сеюм ва дипломҳои иштирокчии озмун қадрдонӣ мешаванд
Мақсад аз баргузории озмун- ин дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ихтироъкорону навоварон, олимону зиёиёни кишвар аст, ки бо меҳнати эҷодкорона ва заковату зеҳни пурқувваташон дар рушди иқтисоди кишвар саҳмгузорӣ менамоянд.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






