Муаррифии марказҳои пешбурди тиҷорат

Февраль 20, 2015 08:53

      Душанбе, 20.02.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки 25 феврали соли равон дар Душанбе бо баргузории нишасти хабарӣ муаррифии  марказҳои навтаъсиси пешбурди тиҷорати назди Палатаи савдо ва саноати кишварро доир намояд.
      Аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ки ин марказҳои навтаъсис дар доираи лоиҳаи “Мусоидат ба тиҷорат”-и Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид, ки аз тарафи Ҳукумати Финландия маблағгузорӣ мегарданд,  фаъолият доранд.
      Интизор меравад, ки кормандони марказҳои навтаъсис дар чорабинӣ  хабарнигоронро бо мақсаду вазифаҳо ва фаъолияти марказҳои мазкур ва ҳамчунин нақшаю натиҷаҳои назаррас дар самти боло бурдани неруи тиҷоратии корхонаҳои истеҳсолӣ ошно хоҳанд сохт. 
 

Февраль 20, 2015 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст