Муборизаи Агентии зидди фасод бар зидди вабои аср

Февраль 20, 2015 11:32

Душанбе, 20.02.2015. (АМИТ«Ховар», Муқаддас Темурзода).-Мулоқоти кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба “Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020» бо мақсади таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ дар баробари дигар вазорату идораҳо дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ҷалби омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ иттилоъ медиҳад, ки рейтинги Тоҷикистон дар муқоиса ба соли 2013-ум ду зина поён рафт, ки ин бозгӯ аз он аст, ки шиддати коррупсия дар кишвар костатар гардидааст. Инчунин содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ дар давраи соли 2014 дар қаламрави кишвар натиҷагирӣ ва мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода шуд. Масъулин изҳор доштанд, ки чун солҳои қаблӣ низоми Вазорати маориф ва илми кишвар дар соли 2014 низ миёни мақомоти фасодзада пешсаф будааст. Дар ҷойи дуюм Вазорати тандурустӣ қарор дорад.
 Дар соли сипаригардида дар соҳаи маориф 101 ҷинояти марбут ба коррупсия ошкор гардида, ба Вазорати тандурустӣ 70 ҷиноят рост омадааст. Ба Вазорати корҳои дохилӣ 48 ҷиноят марбут дода шуд. Вале низоми бонкии кишвар низ дур аз фасод набудааст, зеро дар соли 2014 кормандони зидди  фасод 129 ҷиноятро ба қайд гирифтанд. Ба гуфти масъулин, мутаассифона.  имрӯзҳо азхудкунии маблағҳои давлатӣ миёни мансабдорон низ ошкор гардидааст. Ин аз ҳисоби барзиёд нишон додани ҳаҷми корҳои сохтмонӣ асту мувофиқаи пешакии мансабдорони давлатӣ бо ширкатҳои сохтмонӣ. Бо ҷурми даст ба ҷиноят задан 129 нафар аз мақоми ишғолкарда озод шуд.
 Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсади ин гуна мулоқотҳоро дар он арзёбӣ карданд, ки ҷавонон аз паёварди нохуши коррупсионӣ худро эмин нигоҳ доранд. Ба гуфтаи мутахассисони пешгирикунандаи ҳолатҳои коррупсионӣ дар ҳоле ин падидаи номатлуб, ки метавон вабои асраш номид, аз ҷомеа решакан  мешавад, ки ҳамагон алайҳи ришваю ришвахорӣ дар мубориза бошанд. 
 
 

Февраль 20, 2015 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид