Мулоқотҳои судманд дар партави Паёми Президент

Февраль 5, 2015 15:26

Душанбе, 05.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар партави Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ силсиламулоқотҳоро бо ҷавонону наврасони фаъоли навоҳии гуногуни кишвар ба роҳ мондааст.
Тавре ки дар ин бора мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Наврӯз Қурбонов хабар дод, чунин мулоқоти судманд дирӯз дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси Кумита Назарзода Ризо ва муовини раиси шаҳри Душанбе Руқия Қурбонова бо донишҷӯёну устодон баргузор гардид, ки дар он масъулин оид ба мафҳум ва муҳтавои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ намуданд. 
Дар мулоқот иштирокдорон нақши Паёмро дар рушду инкишофи кишвар муҳим арзёбӣ карда, таъкид доштанд, ки Паёми имсола фарогири тамоми паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошад. 
Назарзода Ризо ва Руқия Қурбонова нуктаҳои алоҳидаи Паёмро ба ҷавонону донишҷӯён шарҳ дода, иброз намуданд, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони кишварро ҳамеша қишри ояндасози давлату миллат номида, пайваста моро дастгирӣ менамоянд. 
“Дар Паёми имсола низ Роҳбари Олии кишвар нақши ҷавононро ҳамчун неруи пешбаранда ниҳоят арзишманд арзёбӣ кард, ки ин аз ғамхории Ҳукумати мамлакат нисбат ба ин қишри ҷомеа шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ, дар ҷавоб ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ҷавонон низ бояд бо корҳои наҷибу шоиста  баҳри ободии диёр саъю талош намуда, саҳми худро дар пешрафти диёри маҳбубамон гузоранд”,- зикр намуданд иштирокчиёни мулоқот ба ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли пойтахт.
 

Февраль 5, 2015 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст