Мусодираи беш аз 2 кг маводи мухаддир
Душанбе, 02.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Кормандони милиса дар ҷараёни амалиёти махсус дар ҳудуди шаҳри Қӯрғонтеппа сокини 28 — солаи шаҳри Кӯлоб Аминҷон Подабоновро бо гумонбари гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир намуданд.
Назар ба хабари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар ҷараёни тафтиш аз мошини Opel Astra — номбурда 220 грамм ҳашиш ва 980 грамм бангдона пайдо ва мусодира гардид.
Дар ҷараёни амалиёти дигари махсус сокини 36 — солаи ноҳияи Ҷиликӯл Рустам Юлдошев дастгир шуда, аз мавсуф 1 килограмму 6 грамм ҳашиш мусодира гардид.
Вазни умумии маводи мусодирашудаи мухаддир 2 килограмму 206 граммро ташкид медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаҳои зикршуда парвандаҳои ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






