Омодагӣ ба интихобот дар Хатлон

Февраль 24, 2015 14:36

Ховалинг, 24.02.2015 (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-  Имрӯзҳо дар ноҳияи   Ховалинг чун дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҷараён дорад. 
Бо дастгирии ҳокимияти маҳалӣ ва комиссияи ҳавзаи интихоботӣ барои бештар огоҳонидани сокинон бо ҷараёни интихобот дар бозору марказҳои савдо, терминали мусофиркашонӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ буклету хабарнома ва дастурҳо тақсим шуда истодаанд.
Бояд зикр намуд, ки як қисми чавонон имсол бори аввал дар интихоб иштирок мекунанд, аз ин рӯ ба ҳамаи онҳо тарзи пур кардани бюллетен нишон дода мешавад. Дар баробари ин  масъулин ба деҳаҳои дурдасти ноҳия рафта, ба сокинон суҳбату вохӯриҳо гузаронида истодаанд. 
Дар айни замон  ҳамаи участкаҳои интихоботии ноҳияи Ховалинг ба маъракаи муҳими сиёсӣ пурра омода гардидаанд.
Дар участкаҳои интихоботии ноҳияи Фархор охирин корҳои омодагиро ба интихобот анҷом дода, рӯйхати ҳамаи сокиноне, ки ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро доранд, тартиб додаанд. 
Дар кӯчаю хиёбонҳо шиору овеза оид ба рӯзи баргузории интихобот овехта шудаанд. Сокинон аллакай медонанд, ки ба кадом участка рафта овоз медиҳанд. Дар ноҳияи мазкур  бо ҷалби васеи ҷавонон иқдоми  интихоботӣ гузаронида шуд. Ихтиёриён дар муддати кутоҳ ба сокинони ноҳия беш аз 2 ҳазор буклету дигар ҳуҷҷатҳои огоҳкунандаро тақсим намуданд.То баргузории интихобот рӯзҳои башумор мондааст ва дастандаркорон мақсад доранд дар рӯзҳои минбаъда низ чунин иқдомҳоро доир намоянд. 
 

Февраль 24, 2015 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад