Озмун — ҷашнвораи байналмилалии «Оҳанги баҳор»

Февраль 4, 2015 11:55

Душанбе,  04.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-  Аз 23  то  26  март  дар  шаҳри  Остонаи  Қазоқистон Озмун — ҷашнвораи  байналмилалии  «Оҳанги баҳор»  баргузор  мегардад,  ки  дар  он   гурӯҳҳои   эҷодкори   Тоҷикистон  ҳам  метавонанд  иштирок  кунанд. 
Назар  ба  иттилои Вазорати  фарҳанги ҷумҳурӣ, мақсади  асосии  озмун  дастгирию тарғиби эҷодкорӣ,  баланд  бардоштани   завқи  бадеию зебоӣ ва  мутобиқати   дастовардҳои   соҳаи  санъат  ба  меъёри  ҷаҳонӣ  мебошад. 
Ба  ҷашнвора  гурӯҳҳои  мухталифи  эҷодкор даъват  мешаванд. Чорабинии  мазкур бо  ибтикори ҷунбиши «Astana Stars» ва дастгирии Раёсати фарҳанги ҳокимияти   шаҳри  Остона  рӯи  кор  оварда  мешавад.
Дар ҳошияи ҷашнвора профессорону  омӯзгорони  Донишгоҳи миллии  санъати Қазоқистон ҳозиронро бо  санъати  хореография,  суруду мусиқӣ ва  бахшҳои  дигари  санъат   шинос  мекунанд.
Ҷоизони  озмун  бо  инъомҳои  қиматбаҳо  қадр  карда  мешаванд.

Февраль 4, 2015 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад