Озод кардани шаҳрванди Тоҷикистон Гулрухсор Рофиева дар Яман

Февраль 10, 2015 16:44

Душанбе, 10.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- Тибқи маълумоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Рофиева Гулрухсор, ки дар минтақаи Маъриби Яман рабуда шуда буд, 10 феврали соли 2015 озод карда шуд.
 
Ин хаббарро ёвари Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Яман полковник Набил Ваҷиҳ дар суҳбати телефонӣ аз номи Вазири корҳои дохилии Яман Ҷалол Рувайшон ба Сафири Тоҷикистон дар Қатар тасдиқ намуд.
 
Тибқи маълумот ҳолати руҳиву ҷисмонии шаҳрванди тоҷикистонӣ хуб аст.
 
Бояд қайд кард, масъалаи озод кардани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Рофиева Гулрухсор тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди таваҷҷӯҳи пайвастаи Вазорати корҳои хориҷӣ қарор дошт ва Вазорати корҳои хориҷӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода кард. Аз ҷумла, Паёмҳои Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Яман фиристода шуданд.
 
Инчунин бо супориши Визири корҳои хориҷӣ Сафири Тоҷикистон дар Қатар Ардашер Қодирӣ низ барои ҳалли қазияи мазкур 6-7 январи соли 2015 ба Яман сафар кард ва дархости Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Асловро ҷиҳати иқдомоти бештари ҷониби яманӣ дар раҳоиши шаҳрванди Тоҷикистон Гулрухсор Рофиева ба вазирони корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ ва мақомоти амниятии ин кишвар баён дошт.
 
Вазорати корҳои хориҷӣ бори дигар ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар минтақаҳои мухталифи Яман қарор доранд, хотиррасон мекунад, ки бояд бисёр эҳтиёткор бошанд, аз ҷойҳои таҷаммӯи одамон ва ё гурӯҳҳои алоҳида иҷтиноб варзанд ва дар сурати ташдиди вазъият дар Яман, ин кишваро тарк кунанд.

Февраль 10, 2015 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст