Паём ба иҷрои санадҳои судӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид
Душанбе, 18.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои оянда муайян намуд.
Анвар Иброхимзода, раиси суди вилояти Суғд Паёми имсолаи Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишварро сармашқи кор худ қарор дода, муҳтаво ва мазмуну моҳияти Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишварро ниҳоят баланд арзёбӣ намуда, онро фарогири тамоми мавзуоти марбут ба рушди соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар номид.
«Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ бо назардошти муайян кардани самтҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои соли 2015 ва таъкиди афзалиятҳо барои давраи миёнамуҳлат дар оғози сол пешниҳод гардид.
Кори азиме, ки таҳти роҳбарии Сарвари давлат дар Тоҷикистон амалӣ гардид, ба истифода додани шоҳроҳи Душанбе-Истаравшан-Хуҷанд-Чаноқ ва нақбҳои «Истиқлол»- у «Шаҳристон» мебошад.
Бунёд ёфтани нақби «Чормағзак», таҷдиди роҳи Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ, сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон-Зиғар, таҷдиди роҳҳои мошингарди Кӯлоб-Қалъаи хум, Душанбе-Турсунзода, таҷдиди роҳи Айнӣ-Панҷакент барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
Дар Паём Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои хеле муҳим ва мубрами рӯз — тарбияи сиёсии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии онҳо эътибори алоҳида додааст. Вазъи сиёсии ҷаҳон, сиёсати байналмилалӣ, задухӯрд миёни давлатҳои абарқудрат ва даргириҳое, ки дар баъзе давлатҳои олам ба вуқӯъ омадаанд, моро ба он водор месозанд, ки сари масъалаи тарбияи ҷавонон амиқ андеша ронем.
Яке аз омилҳои асосии ба гурӯҳҳои ғайридавлатӣ ва ифротгаро ҷалб шудани ҷавонон надоштани иттилооти аниқ ва саҳеҳ доир ба ин ҳизбу ҳаракатҳо мебошад. Вобаста ба масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон ва дар руҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ба воя расидани онҳо Сарвари Давлатамон чунин зикр намуд, ки масъалаҳои робита байни ҷомеа, муассисаи таълимӣ ва падару модарон тавассути як силсила қонунҳо, аз ҷумла Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бояд ба танзим дароварда шаванд. Вале то ҳол ҷараёни дурусти татбиқи қонуни мазкур муайян нагардидааст.
Аз ин лиҳоз ҷиҳати ба роҳ мондани назорати иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар воҳиди нави сохторӣ таъсис дода мешавад.
Инчунин бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ нақши занон ва ҷавононро ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ниҳоят арзишманд ҳисобид.
Бо вуҷуди дастгирӣ аз ҳуқуқу манфиатҳои занону ҷавонон дар ин самт мушкилоти ҳалталаб ҳанӯз зиёд мебошанд. Аз ҷумла, масъалаи пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол ба сол зиёд мегардад, ташвишовар мебошад. Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2014 аз 95 500 ақди никоҳи ба қайд гирифташуда 9 ҳазори он бекор шудааст, ки нисбат ба соли 2013 9,5 фоиз зиёд аст.
Сабаби ин ҳолат, пеш аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона мебошад. Дар миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик низ зиёд шуда, боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардидааст.
Имрӯз дар қаламрави кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдаку навраси маъюби то 18 — сола аз ҷониби давлат нигоҳубин мешавад.
Бештари ин кӯдакон маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд. Сабаби дигари пош хӯрдани оилаҳо дар он аст, ки бисёре аз падару модарон фарзандонро бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд.
Аз ин рӯ, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, адлия, кумитаҳои кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ вазифадор шуданд, ки масъалаи муоинаи ҳатмии пешакии тиббии издивоҷкунандагон ва пешгирӣ намудани никоҳи байни хешовандони наздикро якҷо бо мардум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаматарафа омӯхта, ба ҳукумат таклиф пешниҳод намоянд. Ин масъала барои хушбахтии оилаҳои ҷавон бисёр муҳим аст.
Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат тақвияти фаъолияти ҳокимияти судӣ аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ арзёбӣ гардид, зеро фаъолияти суд ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ пайванди ногусастанӣ дорад.
Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ 5 январи соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» тасдиқ гардид. Дар он рушди минбаъдаи қонунгузории мурофиавӣ, такмили сохтор ва фаъолияти Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба ноболиғон, такмили сохтор ва фаъолияти иҷрочиёни суд, тақвияти расондани ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ, баланд бардоштани сифати ташхиси судӣ-ҳуқуқӣ, таъминоти моддӣ-техникии судҳо, ҳифзи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо пешбинӣ гардидааст.
Татбиқи ин барномаи муҳим барои боз ҳам устувор шудани сохтори мақомоти судӣ ва пешрафту пурсамар гардидани фаъолияти онҳо, таҳкими ҳамкории мақомоти судӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин ҷиҳати иҷрои санадҳои судӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Бо дастгирӣ аз Паёми Сарвари давлат мо-судяҳо вазифадорем, ки барои баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими ҳокимияти судӣ беш аз ҳарвақта саъю кӯшиш намоем.