Паём таҳкимбахши фаъолияти мақомоти судист

Февраль 28, 2015 09:32

Душанбе, 28.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари Давлат    дастовардҳои иқтисодӣ-иҷтимоии кишварро зикр намуда, самтҳои асосии вазифаҳои минбаъдаи ҷомеаро муайян карданд. Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи ҷаҳониву минтақавӣ ва бо мақсади пайгирӣ намудани вазифаҳои муайяншуда мунтазам чораҷўӣ мекунад. 
Дар робита ба ин Мафтуна Музаффарова, судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе андешаҳояшро чунин иброз намуд:
-Яке аз омилҳои муҳим сохтори густурда ва фаъолияти шаффофи судӣ мебошад. Аз ҷумла, пешниҳоди Президенти кишвар ба таълиму тарбияи насли наврас робита дошта, бо мақсади таъмини ҳифзи кўдак дар ҷумҳурӣ таъсис додани институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак иқдоми басо муҳим мебошад.
Тавре ки медонем, дар давоми солҳои охир барномаи муҳими ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ аз ҷониби ҳукумат татбиқ шуд. Сарвари давлат бори дигар таъкид намуд, ки «тақвияти фаъолияти ҳокимияти судӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ мебошад, зеро фаъолияти суд бо инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў пайванди ногусастанӣ дорад ва бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ 5-уми январи соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» тасдиқ гардид. Татбиқи барномаи мазкур барои боз ҳам устувор шудани сохтори мақомоти судӣ ва пешрафту пурсамар гардидани фаъолияти онҳо, таҳкими ҳамкории мақомоти судӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин ҷиҳати иҷрои санадҳои судӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид».
Ҷаноби Олӣ бо боварӣ ба кормандони соҳа чунин изҳор намуд: «Итминон дорем, ки роҳбарият ва кормандони Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Шўрои адлия ва Прокуратураи генералӣ бо дарки масъулияти баланди касбӣ ҷиҳати амалисозии адолати судӣ, таъмини волоияти қонун ва гузашта аз ин, дар роҳи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва ташкилотҳо тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд».
Ин боварӣ масъулияти ҳар як корманди соҳаро бештар менамояд. Махсусан шодиовар аст, ки бо саъю талоши Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷҷикистон зиндагии сокинони ҷумҳурӣ сол то сол беҳтар мешавад. Дар навбати худ мо низ бояд бо меҳнати фаъолонаи худ барои рушди минбаъдаи кишвар саҳми босазо гузорем.

Февраль 28, 2015 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!