Пешгирӣ аз парокандашавии оилаҳои ҷавон

Февраль 6, 2015 08:45

Душанбе, 6.02.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар хобгоҳҳои 3 ва 9-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ)  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  тибқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи тарбия ва шуъбаи кор бо ҷавонони раёсати донишгоҳ бо мақсади фаҳмонидани  моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯдухтарон ва донишҷӯписарон вохӯрӣ доир гардид. 
Тавре ки аз ДДХ иттилоъ доданд, вобаста ба амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои Паёми Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ байни донишҷӯёни хобгоҳҳои донишгоҳ идома доранд.
Дар чорабинӣ муовини ректор оид тарбияи раёсати донишгоҳ Муъминҷон Шамсиддинов  ҷавононро вобаста ба татбиқи «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», худшиносию худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсию ҳуқуқӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва илмомӯзӣ даъват намуд. Сармутахассиси шуъбаи тарбияи донишгоҳ Фаридун Ҳодибоев дар атрофи нуктаҳои муҳими Паёми Сарвари Давлат, махсусан аз дастовардҳои гуногуни соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат ёдовар шуда, оид ба масоили муҳими рӯз пешгирӣ аз экстремизму терроризм, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии «Таҳрир», «Салафия», даст задании ҷавонон ба ҳолатҳои авбошию қаллобӣ, хариду фурӯши одамон ва дигар зуҳуроти номатлуб сухан гуфт. 
Ҳамзамон аз ҷониби коршиносон ба ҷавонон оид ба моҳияти эълон гардидани «Соли 2015-соли оила» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мустаҳкам намудани оилаҳои ҷавону пешгирӣ аз муноқиша ва парокандашавии оилаҳои ҷавон изҳори андеша карда шуд.  
 
 
 

Февраль 6, 2015 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад