Рақобати Қурбонзода бо Ҳайдаров дар Данғара

Февраль 24, 2015 15:28

 Душанбе, 24.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Қурбонзода Ҳилолбӣ, узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/, ки то ин вақт ба ҳайси муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ фаъолият мекард,  дар интихоботи қарибулвуқӯи парлумонӣ дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи  Данғара №36 бо Рустам Ҳайдаров, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон /ҲНИТ/ ва Саид Каримов,  худпешбар рақобат менамояд.
         Қурбоншо Абдуллоев-раиси Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Данғара №36  зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ҳавзаи мазкур ҷиҳати  дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани интихоботи парлумонӣ, ки 1 марти соли равон таъйин гардидааст, тамоми шароит фароҳам оварда шуда, корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни интихобкунандагон ба роҳ монда шудаанд. 
       Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Данғара №36 шаступанҷ участкаи интихоботӣ  ташкил шудааст, ки аз он 49 ададаш дар ҳудуди Данғара ва 16-тоаш  дар  қаламрави шаҳри Норак фаъолият дорад. Қурбоншо Абдуллоев афзуд, ки  дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Данғара №36  106 ҳазор  нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин теъдод  2 ҳазору 233 нафараш бори аввал дар интихобот ширкат менамояд.  Инчунин  дар ин ҳавзаи интихоботӣ  5 ҳазору 488 нафар интихобкунанда дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. 
               Бояд тазаккур дод, ки  дар ҳавзаи мазкур  се номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадиашонро бозпас гирифтаанд, ки инҳо Пир Каримов -худпешбар узви ҲХДТ,  Пӯлод  Қурбонов, узви Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва Ҷанатулло Комилов, узви ҲНИТ  мебошанд. .
 
 

Февраль 24, 2015 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд