Шуғнон: Заминаи моддӣ -техникии литсейи № 77 беҳбудӣ мехоҳад

Февраль 3, 2015 10:10

Душанбе, 02.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  «Соли 2014 дар деҳоти «Навобод», ки аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ ва ҳудуд аз калонтарин  деҳоти ноҳияи Шуғнон ба шумор меравад,  дар маркази  деҳот  бинои маркази сӯхторнишонӣ бо маблағи 40 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд. Муҳимтар аз ҳама, дар ин ҷо 23 нафар соҳиби ҷойи кор гардид. Барои беҳтар гардидани сифати хизматрасонии тиббӣ дар деҳаи Ривак  бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла  мактаб-интернати №28, ки аз ҷиҳати шумораи хонандагон дар ин деҳот калонтарин ба шумор меравад, аз тарафи ширкати сохтмонии «Мадад» ба маблағи 76 ҳазор сомонӣ таъмир шуд»,-мегӯяд раиси ҷамоати деҳоти Навобод Амонулло Саидраҳмонов.
Албатта, дар ҷое, ки кор аст, камбудию мушкилот низ вуҷуд дорад. Як мушкилии асосии ин ҷо- истифодаи заминҳои Бугод мебошад, ки пурра ҳал нашудааст. Бинобар набудани пули мошингузар ба он ҷо техникаи шудгоркунандаро бурда наметавонанд. Заминаи моддӣ -техникии литсейи касбӣ-техникии №77 низ беҳбудӣ металабад. Дар ин ҷо ҳанӯз толори варзишӣ нест ва барои пурра аз худ намудани касби ронандагӣ низ шароит мавҷуд нест.
 
 
 
 
 

Февраль 3, 2015 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст