Таҷҳизоти нав ба Маркази милли тиббӣ
Душанбе, 17.02.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Дар доираи ҳамкориҳои судманди байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ба Маркази миллии тиббӣ якчанд таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрас шуд, ки маблағи умумии он 200 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар маросими супоридани ин таҷҳизот ба марказ кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ён Ҷон-гу зикр намуд, ки аз соли 1992 инҷониб ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Корея ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, имрӯзҳо ба таври густурда идома доранд. Дар доираи ин ҳамкориҳо соли гузашта ба 9 нафар кӯдаки ноҳияи Ҳисор ҷарроҳии чашм бомуваффақият гузаронида шуд.
“Чун Маркази миллии тиббӣ калонтарин марказ дар кишвар аст, мо қарор додем, то таҷҳизотро ба ин марказ диҳем, зеро ба ин ҷо мардум бештар муроҷиат мекунанд ва таҷҳизот дар ин ҷо бамаротиб самаранок хоҳад буд. Бисёр мехостам ин таҷҳизот ба мардуми камбизоату ниёзманд хизмат кунад»,- илова намуд Ён Ҷон-Гу.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимов арз дошт, ки таҷҳизоти мазкур барои ташхиси ниёзмандону табақаи камбизоати аҳолӣ ва расонидани кумаки таъҷилии тиббӣ истифода хоҳад шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






