Таъиноти кадрӣ дар мақомоти судӣ

Февраль 11, 2015 11:34

 
Душанбе, 11.02.2015. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 132 нафар кормандони мақомоти судиро, ки ба вазифаҳои нави раиси суд, муовини раиси суд, судяи судҳои вилоят, шаҳру ноҳия, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъин шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
 
Дар оғози мулоқот фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин ва озод намудани судя ва роҳбарияти судҳои вилоятҳо ва як зумра шаҳру ноҳияҳои кишвар қироат карда шуд.
 
Тавре аён гардид, аз 132 нафари таъиншуда 49 кас бори аввал ба мансаби судя таъин гардиданд, ки 6 нафари онҳо занон мебошанд.
 
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз ғамхориҳои роҳбарияти кишвар ба мақомоти судӣ ва кормандони ин соҳа, аз ҷумла беҳсозии шароити корӣ, афзун намудани ҳуқуқу ваколатҳо ва маоши онҳо ёдовар шуда, дар наздашон доир ба таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон, ҳифзи холисонаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои давлат, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.
 
Зикр гардид, ки пас аз татбиқи босамари ду барномаи давлатӣ барои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар оғози соли равон боз барномаи нави ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ барои солҳои 2015-2017 тасдиқ гардид, ки мақсади он таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ мебошад.
 
Ба роҳ надодани қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ дар миёни худи кормандони соҳа, аз ҷумла ба амалҳои коррупсионӣ даст задани онҳо, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
 
Таъкид гардид, ки кормандони мақомоти судӣ фаъолияти ҳаррӯзаро ба хотири боз ҳам беҳтар ба амал баровардани адолати судӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, таҳкими обрӯи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбии худ бояд равона созанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Февраль 11, 2015 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид