Талош барои баланд бардоштани нақши суд
Душанбе, 24.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар Паёми навбатии Сардори Давлат ба Маҷлиси Олӣ вазъи кунунии кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат барои соли 2015 ва давраи миёнамуҳлати оянда муайян гардидаанд.
«Он вазифаҳое, ки дар Паёми имсолаи Президенти кишвар доир ба ҳалли масъалаҳои калидӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои миллӣ барои соли 2015 ва давраи миёнамуҳлати оянда гузошта шудаанд, танҳо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоии давлат, таҳкими имкониятҳои иқтисодии он ва албатта, барои боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат равона гардидаанд»,- иброз намуд раиси суди ноҳияи Файзобод Сайфиддин Камолзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
-Яке аз мавзӯъҳои марказии Паём тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, роҳ надодан ба гароидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои хатарноки ифротгаро буд. Сарвари давлат вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа институтҳои илмиву таҳқиқотии Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ, дигар марказҳои илмӣ ва кафедраҳои ҷомеашиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро муваззаф сохт, ки ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Доир ба ҳифзи сиҳатии мардум, хусусан модару кӯдак ва бунёди оилаҳои солим, ки аз омилҳои асосии ба воя расондани насли ояндасози кишвар мебошанд, низ супоришҳои мушаххас дода шуд. Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки дар Тоҷикистон институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад, ки ин хеле муҳим аст.
Ҳамзамон дар Паёми Президенти мамлакат зикр гардид, ки терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба мушкилии ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Бинобар ин, ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда бирасад, зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад. Тавре ки Сарвари давлат ба таъкид гуфт: «Вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё кунем».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Давра ба давра татбиқ шудани ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ ва дар доираи он такмилу таҳким бахшидан ба сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ, мустаҳкам намудани асосҳои моддиву техникии онҳо ва беҳтар кардани вазъи ҳуқуқиву иҷтимоии судяҳо аз ҷумлаи ин тадбирҳо ба шумор меравад. Дар ин раванд ҳокимияти судӣ вазифадор гардид, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро меҳвари фаъолияти худ қарор дода, тавассути қабули санадҳои одилонаву қонунӣ, татбиқи дурусти меъёрҳои Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои амалкунанда адолати судиро таъмин намояд.
Бояд гуфт, ки ин масъала дар Паёми соли гузашта низ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифта буд. Сарвари давлат изҳор дошт, ки: «Мо барои ташаккули низоми судии кишвар, баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеа ва ба сатҳи байналмилалӣ баровардани он то имрӯз корҳои назаррасеро ба анҷом расондем. Ҳокимияти судӣ минбаъд низ такмил меёбад ва ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ идома дода шуда, барои эҷоди заминаи ҳуқуқии ин ҳадафҳо қонунҳои зарурӣ таҳия ва қабул мешаванд». Дар Паёми Президент, ҳамчунин зикр гардида буд, ки бо мақсади рушди низоми судии кишвар, баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо, нақш ва мавқеи суд дар таъмини воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои се соли оянда таҳия шавад.
Дар Паёми имсолаи Сарвари Давлат тақвияти фаъолияти ҳокимияти судӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ арзёбӣ гардид, зеро фаъолияти суд бо инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ пайванди ногусастанӣ дорад. Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ 5 — уми январи соли 2015 бо Фармони Президенти ҶТ «Барномаи нави ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 — 2017» тасдиқ гардид. Дар он рушди минбаъдаи қонунгузории мурофиавӣ, такмили сохтор ва фаъолияти Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба ноболиғон, такмили сохтор ва фаъолияти иҷрочиёни суд, тақвияти расондани ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ, баланд бардоштани сифати ташхиси судӣ — ҳуқуқӣ, таъминоти моддӣ — техникии судҳо, ҳифзи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо пешбинӣ гардидааст. Татбиқи ин барномаи муҳим барои боз ҳам устувор шудани сохтори мақомоти судӣ ва пешрафту пурсамар гардидани фаъолияти онҳо, таҳкими ҳамкории мақомоти судӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин ҷиҳати иҷрои санадҳои судӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
-Дастуру супоришҳои дар Паёми Сарвари давлат зикрёфта мо — судяҳоро вазифадор месозанд, ки барои баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими ҳокимияти судӣ беш аз ҳарвақта саъю талош намоем,-таъкид кард раиси суди ноҳияи Файзобод Сайфиддин Камолзода.