Таъмини Қувваҳои мусаллаҳ бо маҳсулоти босифати ватанӣ
Душанбе, 10.02.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Баҳри таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо маводи хӯрокӣ, либоси низомӣ, пойфзол ва дигар амволи босифати ватанӣ, аз ҷониби масъулини Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, чанде пеш дар Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки масъулини ақибгоҳии сохторҳои қудратӣ, роҳбарону намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар масъулини дахлдори вазорату идораҳои давлатӣ ҷамъомад доир гардид. Қабл аз оғози ҷамъомад, барои иштирокчиёни он намоишгоҳи либоси низомӣ, пойфзолу дигар амволи ашёӣ, маҳсулоти полезиву донагӣ ва маводи хӯрокворӣ, ки аз ҷониби корхонаҳои ватанӣ истеҳсол мегарданд, ташкил шуд.
Дар ҷамъомаде, ки вобаста ба таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳ бо молу маҳсулот доир гардид, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лолахон дар мавриди ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олӣ ҳарф зад ва самтҳои татбиқи амалии он мавриди пешниҳод қарор гирифтанд.
Дар ҷамъомад ҳамчунин роҳҳои коркарду самаранок истифода намудани замини кишти хоҷагиҳои ёрирасон, тақвият бахшидани чорводорӣ, парвариши паранда, моҳӣ ва рушди минбаъдаи корхонаҳои истеҳсолӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Зимни пешниҳоди масъулини ақибгоҳии қисмҳои низомӣ ва роҳбарону намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ таъкид гардид, ки ба коркарди сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ равона гардад, то талаботи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз ҳар ҷиҳат қонеъ шавад.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






