Таркиши шадид дар назди қароргоҳи Президенти Сомали
Душанбе,28.02.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Мувофиқи иттилои кормандони мақомоти полиси шаҳри Могадишои Сомали дар наздикии қароргоҳи президенти кишвар ва яке аз боғҳои фарҳангӣ таркиши сахт ба амал омада, дар ҷой ҳодиса 4 нафар ба ҳалокат расида, чанд тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Тибқи иттилои расида, ҷинояткорони номаълум автомобили боркаши ҳомили муҳимоти таркандаро мунфаҷир намудаанд. То ҳол масъулияти ин ҳодисаро ягон шахс ё гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.
Душанбе,28.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тавре, ки шабакаи интернетии Ҳамшаҳри-Ком менависад дирӯз дар қисми шимолу шарқии Сурия силоҳбадастони гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» беш аз 100 нафар сокинони осоиштаро ба қатл расонидаанд. Гуфта мешавад, ки дар байни онҳо занон ҳам будаанд. Ҷоизи қайд аст, ки чанде қабл ифротгароёни «Давлати исломӣ» беш аз 300 нафарро аз Сурия рабуда буданд ва то ҳол дар бораи онҳо хабаре нест.
Душанбе,28.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тавре,ки намояндагони Ассотсиатсияи иттифоқҳои касабаи Аврупову Амрико мегӯянд, дар соли ҷорӣ ширкати «Макдоналдс» аз пардохти андоз сарпечӣ менамояд. Ба гуфти онҳо дар сурати напардохтани маблағи андоз ширкати «Макдоналдс»-ро ҷаримаи калон интизор аст. Бояд гуфт, ки ширкати «Макдоналдс» ширкатест, ки барои ғизои тезтайёр ташкил шуда, дар давлатҳои Аврупову Амрико фаъолият мебарад.
Душанбе,28.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Кормандони қудратии Испания 8 нафарро бо гумони иштирок доштан дар муҳорибаҳои қисми шарқии Украина боздошт намудаанд. Мувофиқи иттилои расида, дастгиршудагон аъзои гурӯҳҳои чапгаро буда, аз тарафи ҷудоихоҳон ба зидди неруҳои қудратии Украина меҷангиданд. Ба гуфти кормандони қудратии кишвар амалиёт оид ба боздошти дигар гумонбарон то ҳол идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






