Вохӯрии узви Комиссияи интихобот бо кормандони АНМН

Февраль 9, 2015 08:35

Душанбе, 09.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Вохӯрии ҳайати шахсӣ бо узви Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар, номзади илмҳои ҳуқуқ Ҷ. Ҷамшедов 7 феврали соли ҷорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовар баргузор гардид.
Тибқи иттилои ин ниҳод дар вохӯрӣ узви Комиссия нисбат ба интихоботи дарпешистода ба Маҷлиси Олии ҶТ ва маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқ нақл намуда, инчунин меъёрҳои ҳуқуқии қонунгузории ҷумҳуриро, ки гузаронидани интихоботро ба танзим медароранд, тафсир намуд.     
Дар мулоқот ба кормандони агентӣ оид ба тартиби пешбарӣ ва худпешбарии номзадон ба Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои намояндагони халқии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, овоздиҳии пешакӣ, ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ иттилоъ дода шуд.

Февраль 9, 2015 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад