Вусъати корҳои ободонӣ дар Кӯлоб

Февраль 14, 2015 09:14

 Кӯлоб, 14.02.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Бахшида ба ҷашнҳои  таърихии 700-солагии алломаи  Машриқзамин  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва пойтахти фарҳангӣ эълон гардидани  шаҳри Кӯлоб  дар ин минтақа 700  рӯзи ободонию сабзазоркунӣ эълон гардида, дар ин замина  корҳои ободонию созандагӣ  бо маром  ҷараён доранд. 
Ба қавли сардори шуъбаи  ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб  Хуршед Ашӯрмадов  шуъбаи ҳифзи муҳити зист  дар мавсими ниҳолшинонӣ 68 ҳазор  бех ниҳоли  ҳамешасабзу  ороиширо  дар кӯчаю хиёбонҳои марказии шаҳр  шинониданд. 
Ба гуфти масъулин то ба имрӯз  бо ҷалби идораю ташкилот, муассисаю корхонаҳо  ва сокинон  дар қитъаҳои  вобасташуда   21 ҳазору 647 бех  ниҳоли  ҳамешасабзу ороишӣ ва зиёда аз 4 ҳазор  бех гулу буттаҳои мавсимӣ   шинонидаанд. 
Аз рӯи иттилои  масъулин  рӯзҳои истироҳатӣ  дар шаҳру  деҳоти Кӯлоб  ҳашари умумишаҳрӣ  эълон гардид.     

Февраль 14, 2015 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст