Қабули эътимоднома аз сафирони нави 5 давлати ҷаҳон
Душанбе, 10.03.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави 5 давлат эътимоднома қабул намуд.
Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир Ҳю Стэнли Филпотт, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Тариқ Иқбол Сумро, сафири фавқулодда ва мухтори Салтанати Уммон Саид ибн Аҳмад ибн Холид Ал-Барованӣ, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Фан Ван Фао ва сафири фавқулодда ва мухтори Эфиопия Айалев Гобезие Воркенеҳ эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои худ тақдим намуданд.
Зимни суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла зикр гардид, ки “… дар чаҳорчӯбаи сиёсати «дарҳои боз» Тоҷикистон имкон дорад ва омода аст, ки бо тамоми кишварҳои дунё – бидуни истисно — муносибатҳои дӯстиву ҳамкории мутақобилан судманд дошта бошад”.
Дар ин росто изҳори умед карда шуд, ки сафирони нав барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон ҷаҳду талош мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






