Ҷоизаи тиллоии байналмилалӣ ба МД «Ҷаҳоннамо»
Душанбе, 27.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» барои нишондод ва дастовардҳо дар соҳаи идоракунӣ, баланд бардоштани сифати кору маҳсулот ва ҷорӣ намудани технология ва инноватсияҳои ҷадид ба дарёфти ҷоизаи тиллоии байналмилалии «Тоҷ барои сифат» сазовор гардид. Ҷоиза аз ҷониби Ширкати байналхалқии Би-Ай-Ди-Бизнес Инишиатив Дайрекшинз (Business Initiative Directions) созмон дода шудааст. Бояд гуфт, бори аввал дар таърих як телевизиони кишвар ба дарёфти чунин ҷоиза ноил гардид, ки ифтихори тамоми тоҷикистониён аст. Маросими супоридани ҷоиза шоми 22-юми марти соли 2015 дар толори конвенсияҳои Меҳмонхонаи Интер-Континентали шаҳри Женеваи Швейтсария бо иштироки намояндагони тақрибан 80 давлати ҷаҳон ва беш аз 200 ширкату муассиса аз тамоми нуқоти олам доир гардид. Дар вазъияти тантанавӣ раиси ширкати Business Initiative Directions Хоссе Прието ба директори МД «Ҷаҳоннамо» — Ҳакимзода Абдумаҷид Усмон мукофотро супорида, таъкид кард, ки «Ҷаҳоннамо» намунаи беҳтарини ташаббусҳо дар роҳи такмили сарварӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои нав ва инноватсияҳо буда, муассисаҳои ба он монанд метавонанд аз он ибрат гиранд. Дар зимн Донишкадаи молия ва иқтисоди Точикистон низ ба дарёфти ҷоизаи тиллоии байналмилалии «Тоҷ барои сифат» мушарраф гардид, ки он дар маросими мутантан ба ректори донишкада — Ашӯрбой Солиев супорида шуд.
Ёдрас мешавем, ки ширкати Business Initiative Directions соли 1986 ташкил гардида, қароргоҳи асосии он дар Испания воқеъ аст. Фаъолияти ширкат асосан ба дастгирии ташкилоту корхонаҳо дар соҳаи сифат, сарварӣ ва технологияву инноватсия равона шудааст. Ҳадафи асосии он баланд бардоштани сифат дар идораи истеҳсолот буда, то имрӯз намояндагони 178 кишвари дунё ба дарёфти ҷоизаҳои ширкати мазкур сазовор гардидаанд.








РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!






