Ҷойгоҳи ҳуқуқи Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии ҷаҳон
Душанбе, 30.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки моҳи майи соли равон дар Душанбе конфронси ҷумҳуриявии илмӣ — амалиро дар мавзӯи «Ҷойгоҳи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии ҷаҳони муосир» баргузор намояд.
Фаридун Табаров -муовини сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории кишвар ба АМИТ «Ховар иттилоъ дод, ки дар конфронс доираи васеи намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иҷроия, қонунгузорӣ, судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои илмии кишвар ва коршиносони соҳа иштирок хоҳанд кард.
Интизор меравад, ки дар чорабинӣ масоили марбут ба ҷойгоҳи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқи ҷаҳон, табиати ҳуқуқӣ ва моҳияти низоми ҳуқуқӣ, низоми ҳуқуқии романо-олмонӣ, низоми ҳуқуқии англо-амрикоӣ ё низоми ҳуқуқии умумӣ, низоми ҳуқуқии мусулмонӣ матраҳ гарданд.
Ҳамзамон таҳлилу тавсифи умумии дигар низомҳои муосири ҳуқуқ, тафовути ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ ва ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ, низоми ҳуқуқии аврупоӣ, тафовути ҳуқуқи оммавӣ, ҳуқуқи хусусӣ ва комплексӣ, наздикшавӣ ва алоқамандии низомҳои ҳуқуқ, ҳуқуқи одатӣ, ҷойгоҳи ҳуқуқи муқоисавӣ дар низоми илми ҳуқуқ дар назар аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






