Ҷойгоҳи ҳуқуқи Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии ҷаҳон

Март 30, 2015 10:44

 
              Душанбе, 30.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки моҳи майи соли равон дар Душанбе конфронси ҷумҳуриявии  илмӣ — амалиро дар мавзӯи «Ҷойгоҳи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии ҷаҳони муосир»  баргузор намояд.
            Фаридун Табаров -муовини сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории кишвар ба АМИТ «Ховар иттилоъ дод, ки  дар конфронс  доираи васеи намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иҷроия, қонунгузорӣ, судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои илмии кишвар ва коршиносони соҳа иштирок хоҳанд кард.
          Интизор меравад, ки дар чорабинӣ масоили марбут ба ҷойгоҳи  ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқи ҷаҳон, табиати ҳуқуқӣ ва моҳияти низоми ҳуқуқӣ, низоми ҳуқуқии романо-олмонӣ, низоми ҳуқуқии англо-амрикоӣ ё низоми ҳуқуқии умумӣ, низоми ҳуқуқии мусулмонӣ матраҳ гарданд.
             Ҳамзамон таҳлилу тавсифи умумии дигар низомҳои муосири ҳуқуқ, тафовути ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ ва ҳуқуқи байналмилалии  хусусӣ, низоми ҳуқуқии аврупоӣ, тафовути ҳуқуқи оммавӣ, ҳуқуқи хусусӣ ва комплексӣ, наздикшавӣ ва алоқамандии низомҳои ҳуқуқ, ҳуқуқи одатӣ, ҷойгоҳи ҳуқуқи муқоисавӣ дар низоми илми ҳуқуқ дар назар аст. 
 
 

Март 30, 2015 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид