9 лоиҳа дар Ваҳдат дар ҳоли анҷомёбист

Март 12, 2015 11:06

Душанбе, 12.03.2015.( АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Гурўҳи  корӣ иборат аз кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират аз шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат ва Файзобод дидан намуда, бо муовини раиси шаҳри Ваҳдат Абдулвосеъ Ятимов вохӯрда масъалаи  танзими раванди муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ намуданд. Роҳбари гурӯҳи корӣ Қурбоналӣ Маҳмадов оид ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, стратегия ва консепсияи муҳоҷират маълумот дод. 
«Дар айни замон дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат 11 ҷамоати деҳот ва қариб 300 ҳазор нафар зиндагӣ дорад»,- гуфт  мудири Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат Ҳикматулло Аминов. 
Ў зикр намуд, ки дар моҳи январ ва феврали соли равон аз ҳудуди шаҳри Ваҳдат 12 244 нафар шаҳрванд барои кор ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст. Аз онҳо 1031 нафарро занҳо ташкил медиҳанд. Инчунин  216 нафар сокини ин минтақа ба рӯйхати мамнуъшудагон ворид шудаанд, ки аз онҳо 19 нафараш зан аст. 
Ба ғайр аз ин, дар бахш ба ҳар як хоҳишманде, ки мехоҳад соҳиби касбу ҳунар гардад, роҳхат ташкил шудааст ва ин нафарон ба Филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Ваҳдат фиристода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта як гурӯҳи корӣ бо сарварии раиси шаҳр ба шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград сафар намуд. Дар  натиҷа 11 лоиҳаи сохтмонӣ ба нақша гирифта шуд, ки дар айни замон  9-тои он дар ҳоли анҷомёбист. 
Дар ҷамоати деҳоти ба номи Абдулло Абдулвосиев бо фаъолон ва муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрӣ доир гардид, ки дар он бобати муқаррароти қонунҳои нави Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, бахусус аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ донистани қонунгузории кишвари қабулкунанда дар бораи тартиби ба қайд гузоштан, омода будан барои гирифтани Сертификат (донистани забон, таърих ва асосҳои қонунгузории ФР), соҳибкасб будан, дар муҳлати муқарраршуда гирифтани Патент, бастани шартномаи меҳнатӣ бо кордиҳанда, суғуртаи тиббӣ ва дигар масъалаҳои тартиби сафар ба Федератсияи Русия маълумоти муфассал дода шуд.

Март 12, 2015 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад