Аҳолии Панҷ бо оби ошомиданӣ таъмин мегардад

Март 13, 2015 16:18

Душанбе, 13.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- 13  марти соли 2015 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов роҳбари Намояндагии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Душанбе  Киёши Ишииро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот масоили васеи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, обтаъминкунии аҳолӣ ва лоиҳаҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин роҷеъ ба ҳамкориҳои судманд дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар соҳаҳои об ва беҳдошт, инчунин омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015 (9-11 июни соли 2015, Душанбе) табодули назар сурат гирифт.
Дар фарҷоми мулоқот Протоколи марбут ба татбиқи лоиҳаи “Бо оби ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон” ба имзо расонида шуд.

Март 13, 2015 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд