Арзёбии фаъолияти ҷузъу томҳои зиддимухаддиротӣ

Март 30, 2015 10:51

Душанбе, 30.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Ҳафтаи гузашта дар Агентии назорати маводи нашъаовар вохӯрӣ оид ба масъалаҳои меъёри арзёбии фаъолияти ҷузъу томҳои зиддимухаддиротӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Намояндагии минтақавии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, шуъбаҳои назорати маводи нашъаовари назди Сафорати ИМА дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
Роҳбари агентӣ Рустам Назарзода самаранокии мавзӯи муҳокимашавандаро зикр намуда, пешниҳод намуд, ки ин гуна вохӯриҳо бо иштироки коршиносон давом дода шаванд, инчунин моҳи апрели соли ҷорӣ мизи мудаввари дуюм оид ба масъалаи мазкур бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои ҶТ ташкил шуда, дар якҷоягӣ бо шарикон меъёрҳои умумии арзёбии фаъолияти ҳамаи идораҳои зиддимухаддиротии минтақа таҳия шаванд.
Намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ таҷрибаи истифодаи меъёрҳои арзёбии фаъолияти АНМН-ро мусбат баҳо дода, иброз намуданд, ки таҷрибаи мазкур дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои минтақа истифода намешавад.
Таҳияи лоиҳа оид ба меъёрҳои арзёбии фаъолияти сохторҳои дигари зиддимухаддиротӣ имкон медиҳад, ки фаъолият дар масъалаи ташкили мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъадор дар минтақа воқеӣ ва холисона арзёбӣ  шавад.
 

Март 30, 2015 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!