Баландтарин бинои Қӯрғонтеппа дар соли 2016

Март 28, 2015 10:05

Душанбе, 28.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон садҳо иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардории мардум қарор хоҳанд гирифт, ки бинои маскунии 15-ошёнагии иборат аз 122 ҳуҷра дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа яке аз онҳост.
Давлатшо Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, қарореро «Дар бораи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят» ба имзо расонид. Тибқи ин қарор, ба ҳайати Кумитаи тадорукот ва масъулони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки барои омодагӣ ва гузаронидани чорабиниҳои ҷашнӣ дар доираи маблағҳои сармоягузориҳои асосии мутамаркази буҷетҳои маҳаллии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, инчунин аз ҳисоби маблағҳои барзиёди қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ нақша-чорабиниҳо таҳия ва татбиқ намоянд.
Дар қарор ҳамчунин омадааст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бояд ҷиҳати татбиқи саривақтии нақша-чорабиниҳои мазкур ва дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ гузаронидани таҷлили 25-солагии Истиқлолияти кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи он ҳар нимсола ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.
Бахшида ба ин санаи таърихӣ дар маркази вилоят — шаҳри Қӯрғонтеппа ва шаҳру ноҳияҳо баргузории чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва бунёди иншоотҳо дар назар аст. Доир намудани семинару озмунҳо, таҳияи овезаҳо, қабули рамзи ҷашнвора, баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ низ дар тамоми қаламрави вилоят пешбинӣ шудааст. 
То рӯзи баргузории ҷашни мазкур дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон зиёда аз 30 корхона, биноҳои истиқоматӣ, марказҳои дилхушию таълимӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Баландтарин бинои 15-ошёнаи 122 ҳуҷрадор дар шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази ташхисии «Қалб», мактаби таҳсилоти умумӣ барои 520 хонанда дар кӯчаи «Маданият», хонаи истиқоматии 5-ошёнаи 40-ҳуҷрадори хизматии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар кӯчаи Айнии шаҳри Қӯрғонтеппа, бинои МТМУ №8 дар ҷамоати шаҳраки «Бохтариён»-и ноҳияи Бохтар, биноҳои маъмурии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Тоҷикистон дар ноҳияҳои Бохтар, Восеъ ва Шӯрообод, мактаби миёна барои 640 хонанда дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва ғайра аз ҷумлаи иншоотҳои ҷашние мебошанд, ки то моҳи сентябри соли 2016 мавриди мавриди баҳрабардории умум қарор хоҳанд гирифт.
 

Март 28, 2015 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд