Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Тунис
Душанбе, 20.03.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Тунис Ал-Боҷӣ Қоид ас-Сибси барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
Бо андуҳи бузург хабари таассуфангези амали террористии мудҳишро дар осорхонаи «Бардо»-и кишвар, ки боиси шаҳодати зиёда аз бист нафар сайёҳони хориҷию шаҳрвандони Тунис ва захмӣ шудани теъдоди зиёди мардуми бегуноҳ гаштааст, дарёфт намудам. Ин ҳодисаи фоҷиабор зарурати идомаи муборизаи муташшакилу беамони аҳли башарро алайҳи терроризм қотеъона таъкид менамояд.
Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба тамоми мардуми дӯсти Тунис, аз Ҷаноби Олӣ хоҳишмандам, ки эҳсоси ҳамдардии амиқи моро ба наздикони қурбоншудагон бирасонанд. Ба маҷрӯҳшудагон шифои комилро орзумандем.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






