Бохтар: бунёди 30 корхонаи нави саноатӣ

Март 23, 2015 10:20

Душанбе, 23.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Соли ҷорӣ дар ноҳияи Бохтар 30 корхонаю коргоҳи нави саноатию истеҳсолӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Бохтар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки соли гузашта низ 9 корхонаи саноатӣ ва 21 коргоҳи хурди истеҳсолию иншооти хизматӣ ва маишӣ дар ноҳия сохта шуд. 
«Соли гузашта ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда дар коргоҳу корхонаҳои ноҳияи Бохтар зиёда аз як миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013 ба қадри 35 миллион сомонӣ бештар аст», — афзуд Ҷ. Ғаффор.
Раиси ноҳияи Бохтар инчунин аз ҳамкории зичи соҳибкорони маҳаллӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ истиқбол кард. Ба қавли ӯ мумфарш шудани 4 километр роҳ ва сангфарш шудани 8,3 километр роҳ аз ҷониби соҳибкорону хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия намунаи хуби иштироки доираҳои тиҷоратӣ дар умури ободонию созандагист.
 
 
 

Март 23, 2015 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд