Бозиҳои дӯстонаи тими футболи Тоҷикистон бо дастаҳои Молдив ва Сурия
Душанбе, 3.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии кишвар тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018, ки моҳи июни соли равон шурӯъ мешаванд, моҳи март бо дастаҳои миллии Молдив ва Сурия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад.
Гуфта мешавад, ки бозии дӯстона бо мунтахаби Молдив 26-уми марти соли равон дар меҳмонӣ ва бозии дӯстона бо Сурия 31-уми март дар Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо мегарданд.
Бояд гуфт, ки дар айни ҳол дар раддабандии ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) Молдив дар ҷойи 135-ум, Тоҷикистон дар ҷойи 137-ум ва Сурия дар ҷойи 150-ум қарор доранд.
Маврид ба ёдоварист, ки қаблан дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Молдив дар бозиҳои расмӣ бо ҳам ду бор рӯ ба рӯ шудаанд. Бори аввал ҳарду дар Бозиҳои осиёии соли 1998 дар Тайланд рақобат кардаанд. Дар ин бозӣ, ки 1-уми декабри соли 1998 дар шаҳри Супхамбурии Тайиланд доир шуд, футболбозони тоҷик пирӯз гардиданд.
Бозии дувуми дастаҳои миллии Тоҷикистону Молдив дар сабқати интихобии Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё — 2012, ки 25-уми марти соли 2011 дар Малӣ баргузор шуд, бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






