Чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ дар Бадахшон
Душанбе, 18.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар арафаи Иди Наврӯз кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ дар мактаби №7-и шаҳри Хоруғ вохӯрӣ доир карданд. Мутахассисони агентӣ ба иштироккунандагон оид ба бемории нашъамандӣ ва оқибатҳои он, зарари он ба генофонди миллат ва намудҳои вобастагӣ ба маводи нашъаовар маълумоти мушаххас дода, зикр намуданд, ки дар вилоят теъдоди нашъамандон ба 872 нафар расидааст. Аз онҳо дар шаҳри Хоруғ теъдоди нашъамандон ба 431 нафар расидааст, ки аз он 3 нафараш зан аст. Оид ба касалиҳои вируси масъунияти бадани одам чунин шарҳ доданд, ки теъдоди гирифторони ин касалиҳо дар вилоят ба 411 нафар расида, аз он 72 нафар зан мебошад. Дар шаҳри Хоруғ теъдоди гирифторони касалиҳои вируси норасоии маъунияти бадан ба 332 нафар расида, 30 нафари онро занон ташкил медиҳанд.
Инчунин бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим чорабинии варзишӣ аз намуди муҳорибаи самбо гузаронида шуда, дар он 70 нафар варзишгари вилоят дар категорияи зиёда аз 60 кг маҳорати худро нишон дод.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар чорабинии мазкур зиёда аз 150 нафар дӯстдори ин намуди варзиш иштирок намуда, ба ғолибони мусобиқа аз тарафи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар ВМКБ туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо тақдим шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






