Душанбе аз ташаннуҷи мазҳабӣ ҷилавгирӣ менамояд

Март 16, 2015 11:05

Душанбе, 16.03.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Шаҳрдории Душанбе дар асоси қарор нақшаи чорабиниҳои марбутаро дар мавриди  ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати ҷилавгирии омилҳои  номатлуби ифротгароёна  миёни занону духтарон дар пойтахт тасдиқ намуд.
     Дар асоси нақшаи мазкур шурӯъ аз моҳи апрел то декабри соли равон дар тамоми маҳаллаҳои Душанбе чорабиниҳои оммафаҳмонӣ бо иштироки сохторҳои марбутаи ноҳияҳои пойтахт, Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар пойтахт, раёсатҳои маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, тандурустӣ, кор бо занон ва оилаи пойтахт, инчунин шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ гузаронида мешавад. 
Ҷилавгирӣ аз омилҳои ифротгароёна, хурофотпарастию бегонапарастӣ, ташаннуҷи мазҳабӣ аз ҳадафҳои аслии ин чорабиниҳо арзёбӣ мегардад. 
   Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Руқия Қурбонова -муовини раиси шаҳр вогузор шудааст.

Март 16, 2015 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад