Душанбе аз ташаннуҷи мазҳабӣ ҷилавгирӣ менамояд
Душанбе, 16.03.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Шаҳрдории Душанбе дар асоси қарор нақшаи чорабиниҳои марбутаро дар мавриди ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати ҷилавгирии омилҳои номатлуби ифротгароёна миёни занону духтарон дар пойтахт тасдиқ намуд.
Дар асоси нақшаи мазкур шурӯъ аз моҳи апрел то декабри соли равон дар тамоми маҳаллаҳои Душанбе чорабиниҳои оммафаҳмонӣ бо иштироки сохторҳои марбутаи ноҳияҳои пойтахт, Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар пойтахт, раёсатҳои маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, тандурустӣ, кор бо занон ва оилаи пойтахт, инчунин шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ гузаронида мешавад.
Ҷилавгирӣ аз омилҳои ифротгароёна, хурофотпарастию бегонапарастӣ, ташаннуҷи мазҳабӣ аз ҳадафҳои аслии ин чорабиниҳо арзёбӣ мегардад.
Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Руқия Қурбонова -муовини раиси шаҳр вогузор шудааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






