Ифтитоҳи биноҳои нави «Амонатбонк» дар се ноҳия
Душанбе, 30.03.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар робита ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ҷамоатҳои деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд, Тоҷикободи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ва Шогадоеви ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки намояндагони Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ин ноҳияҳо биноҳои нави кории марказҳои хизматрасонии бонкиро ифтитоҳ кард.
Сохтмони биноҳои нав дар асоси талаботи мавҷудаи ҳозиразамон ба анҷом расида, имконияти дастрасии аҳолиро ба хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла қабули ҳама гуна пардохтҳои буҷавӣ, пешниҳоди қарзҳои хурд, интиқоли маблағҳо, ҷалби маблағҳои озоди аҳолӣ ба пасандозҳо, ивази пулҳои фарсуда фароҳам меоварад.
Дар айни ҳол сохтмони биноҳои нави кории марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвози ВМКБ, ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоб, ҷамоати Сиёҳфарқи ноҳияи Ховалинг, ҷамоати ба номи Л.Қармишеви ноҳияи Темурмалик, ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи Тавилдара, ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Даҳанаи ноҳияи Ёвон ва ҷамоати ба номи И.Сомонии ноҳияи Ғончии вилояти Суғд давом дорад.
Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз дафтари матбуоти “Амонатбонк” иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






