Ифтитоҳи иншооти нав дар шаҳри Хуҷанд

Март 21, 2015 19:43

Душанбе, 21.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба 500 нафар ятимони бепадару модар аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим намуда, биноҳои нави қисми низомии 3501-и Вазорати Корҳои дохилӣ ва қароргоҳи марказии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.Нахуст дар маркази фароғатии Ҷавонон, ки дар соҳили рости Сирдарё қарор дорад, бо иштироки Сарвари давлат барои 500 нафар ятимони бепадару модар аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дастархони идона ороста шуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар яки ин кӯдакону наврасон туҳфаҳои идона супурда, дар муроҷиат ба масъулин таъкид дошт, ки раванди таълиму тарбия ва умуман рӯзгори ояндаи ин табақаи ниёзманди аҳолӣ то ба воя расиданашон бояд таҳти назорату ғамхорӣ қарор дошта бошад.Дар соҳили рости Сирдарё бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин биноҳои нави қисми низомии 3501-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва қароргоҳи марказии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор гирифт.Хотиррасон бояд намуд, ки то ин вақт қисми низомии 3501 дар ҳудуди қалъаи таърихии Хуҷанд воқеъ дар шафати боғи Камоли Хуҷандӣ ҷойгир буд.Маҷмааи нави қисми низомии 3501 Қӯшунҳои дохилӣ аз як бинои панҷошёна, як бинои дуошёна ва чандин биною иншооти дигар иборат аст. Дар ситоди қисми низомӣ, хобгоҳҳои сарбозон, ҳаммом бо буғхонаю утоқҳои ҷомашӯӣ, ошхона бо ошпазхонаю нонвойхона тамоми шароити хуби замонавӣ муҳайё мебошад. Дар ин ҷо ҳамчунин ҳуҷраҳои истироҳатӣ барои афсарон муҷаҳҳаз шудаанд.Дар бинои дуошёна ошхона бо 300 ҷойи нишаст, толори маҷлисгоҳ ва ҳам китобхонаву синфҳои таълимӣ ҷойгиранд.Маҷмаа дорои шабакаи муосири барқ, обу ташноб ва шабакаи ягонаи гармидиҳӣ мебошад.Тавре аён гардид, ин қисми низомӣ ҳамчунин бо техникаи зарурӣ, яроқу аслиҳа, дигар лавозимоти муосири ҳарбӣ ва заминаи моддии техникии машқу тамрини касбӣ таъмин карда шудааст.Роҳбарият ва ҳайати шахсии қисми низомӣ барои муҳайё намудани шароити зарурӣ дар қароргоҳи доимии нав ва ғамхорию дастгирии пайваста арзи сипос намуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона ба халқу Ватан ҳидоят намуд.Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон биною иншооти нави қароргоҳи марказии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд ифтитоҳ ёфт.Тавре аён гардид, дар ин воҳиди низомӣ ҳам тамоми шароити зарурӣ барои хизмати ҳарбӣ, машқу тамрини низомию варзишӣ, машғулиятҳои махсуси касбӣ, будубоши шаборӯзӣ ва истироҳату фароғат муҳайё гардидааст.Чунонки зикр гардид, аз раванди бунёдкорию созандагии Тоҷикистон, ки таҳти раҳнамоию ғамхории мудоми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тамоми гӯшаю канори кишварро фаро гирифтааст, сохторҳои қудратию низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тарибот низ дар канор намондаанд, зеро дар ин сохторҳо низ ҳоло садҳо иншооти наву замонавӣ мавриди сохтмон ва ё тармиму навсозӣ қарор доранд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Март 21, 2015 19:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид