Интихоботи ММ МО ҶТ шурӯъ шуд
Душанбе, 27.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар иртибот ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар кишвар панҷ ҳавзаи интихоботӣ ҷиҳати интихоби аъзои палатаи болоии Парлумони мамлакат таъсис дода шудааст. Ҳавзаҳои интихоботӣ асосан дар марказҳои маъмурии вилоятҳои Суғду, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе таъсис шудаанд.
Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар 25 номзад ба узвияти Маҷлиси миллӣ пешбарӣ гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки Маҷлиси миллӣ -палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон 33 аъзо дошта, 25 нафараш тавассути интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ пешбарӣ ва интихоб гардида, 8 нафар бо Фармони Президенти кишвар таъйин мешавад. Инчунин Президенти нахустини Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов узви доимии ин палата мебошад.
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 сол муқаддам — соли 2000 таъсис дода шуда, дар ин муддат раисии палатаи болоии Парлумони мамлакатро Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки ҳамзамон раиси шаҳри Душанбест, ба уҳда дошт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






