Иштироки Э. Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон

Март 17, 2015 12:50

 
Душанбе, 17.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-
 
Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 5 – ум иштирок ва суханронӣ намуд.
 
Кори иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати нави вакилони мардумӣ, ки рӯзи 1 марти соли равон интихоб шуданд, пас аз ба толор ворид шудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакили аз ҳама калонсол, Раиси ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров кушода эълон гардид.
 
Дар оғози иҷлосия тартиби инъикоси ҷараёни кори иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори омма муайян шуда, Комиссияи муваққатии баҳисобгuрии овозҳо оид ба интихоби роҳбарони сохторҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.
 
Сипас тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилон Олимҷон Сафаров, Хайринисо Юсуфӣ, Рустам Латифзода ва Дилшод Исматуллоев номзадии вакил аз ҳавзаи интихоботии № 12 – Рашт Шукурҷон Зуҳуров пешниҳод карда шуд.
 
Тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ба мақоми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овози ҳамаи вакилон Шукурҷон Зуҳуров интихоб карда шуд.
 
Сипас бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Котиботи иҷлосия, Муовини якум ва муовинони раиси Маҷлиси намояндагон тавассути воситаҳои овоздиҳии электронӣ интихоб карда шуданд. Ба вазифаи Муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ва муовинҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ва вакил аз ҳавзаи интихоботии № 41 – Хоруғ Акрамшо Фелалиев интихоб гардиданд.
 
Пас аз интихоби роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, пеш аз ҳама вакилони нави парлумони кишварро бо инхихоб шуданашон ба ин мақоми баланду пурмасъулият табрику таҳният гуфт. Ҳамчунин ба роҳбарияти тоза интихобшудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханҳои шодбошӣ гуфта шуд.
 
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди касбии ҳайати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноат карда, аз ҷумла хотирнишон намуд, ки 12 нафар вакил занон, гурӯҳи калони онҳо ҷавонони болаёқату ташаббускор, 2 академик, 8 доктори илмҳо ва 17 нафар номзади улум мебошанд.
 
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари иҷрои вазифаи асосии худ, яъне таҳия ва қабули қонунҳое, ки ба нафъи ҷомеа ва давлат нигаронда шудаанд, ҳамчунин рафти иҷрои қонунҳо ва қарорҳои қабулшударо бояд пайваста зери назорат бигирад.
 
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаҳои пурмасъулияту тақдирсоз, ки дар назди Ҳукумат ва Парлумони Тоҷикистон барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда, коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна, таъмини рушди босуботи кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум истодаанд, ёдовар шуда, изҳори бовар намуд, ки давоми панҷ соли фаъолияти ҳайати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои тақдирсоз ноил мегардад.
 
Баъд аз ин бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва овоздиҳии вакилон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 кумита ва 3 комиссия таъсис ёфт ва раисони ин сохторҳо интихоб карда шуданд.
 
Ҳамин тариқ, интихоб шуданд:
 
Маҳмадалӣ Ватанов — раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон;
 
Ҷӯрахон Маҷидзода — раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният;
 
Шариф Раҳимзода — раиси Кумитаи иқтисод ва молия;
 
Рустам Латифзода — раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ ва экология;
 
Олим Салимзода — раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот;
 
Лутфия Раҷабова — раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон;
 
Ҳилолбӣ Қурбонзода — раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ;
 
Абдураҳим Холиқзода — раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ;
 
Садриддин Шарипов — раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия;
 
Олимҷон Бобоев — раиси Комиссияи экологӣ;
 
Муродулло Давлатзода — раиси Комиссия оид ба одоби вакилон;
 
Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода — раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор.
 
Ба ҳамин тартиб, Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якум ва муовинони раис ва раисони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

 

Март 17, 2015 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид