«Истиқлол» ба Кувейт омад
Душанбе, 17.03.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ҳайати қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон клуби футболи «Истиқлол» 16 март ба Кувейт омад, ки дар ҳошияи марҳалаи сеюми даври гурӯҳӣ барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё 18 март дар он ҷо бо дастаи «Ал — Қадсия» вомехӯрад.
Назар ба иттилои сомонаи расмии дастаи футбол, ҳайати мураббиёни «Истиқлол» барои вохӯрӣ бо дастаи «Ал — Қадсия» 17 нафар бозингарон, аз ҷумла дарвозабонҳо Никола Стошич, Қурбоналӣ Бобоев, муҳофизон Соҳиб Савонқулов, Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук, ниммуҳофизон Ромиш Ҷалилов, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвизҷон Умарбоев, Умедҷон Шарифов, ҳамлагарон Дилшод Восиев, Манучеҳр Ҷалилов ва Бледа Родригесро бо худ гирифтааст.
Футболбози эронӣ Меҳди Чоҳҷӯӣ бинобар надоштани раводид ба Кувейт рафта натавонист.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






