Изҳороти Раёсати КМ Ҳизби аграрии Тоҷикистон

Март 3, 2015 11:43

 
 Душанбе, 03.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Мо натиҷаҳои интихоботро  пурра эътироф намуда, онро қадами ҷиддӣ
дар раванди ташаккул  ва таҳкими институтҳои  демократии кишвар  мешуморем», гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Рустам Латифзода-раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон /ҲАТ/. Мавсуф афзуд, ки  ҲАТ ба интихоботи парлумонӣ бо  омодагии комил  ворид гардида, тавонист беҳтарин намояндагони худро ҳамчун номзад ба зинаҳои гуногуни  мақомоти қонунгузорӣ  пешбарӣ намояд. Таъкид кард, ки дар интихоботи парлумонӣ  32 нафар намояндаи ҲАТ ҳамчун номзад ба Маҷлиси намояндагон ва 960 аъзои ҳизб ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ пешбарӣ шуданд. Раиси ҲАТ гуфт, ки раванди интихобот тавассути  нозирони ҲАТ  дар назорати доимӣ буд ва ба ситоди марказии ҳизб  ягон шикояти ҷиддие вобаста ба вайрон гаштани санадҳои  меъёрии ҳуқуқӣ оид ба интихобот ворид нагардид. 
     Рустам  Латифзода афзуд, ки  интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон дар қиёс ба интихоботи парлумонии соли 2010  дар сатҳи баланди омодагӣ  ва таваҷҷуҳи зиёди шаҳрвандон ба ташаккулдиҳии мақоми олии қонунгузории мамлакат ҷараён гирифта,  шаҳодати муттаҳидии қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ  дар ҳалли масоили мубрами  ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва эътимод ба намояндагони халқ  буд.
    Роҳбари ҲАТ дар посух ба саволҳои хабарнигорон гуфт, ки   мо умед дорем бо ворид гардидани намояндагони бештари Ҳизби аграрии Тоҷикистон ба Парлумони кишвар  ва таъсиси фраксияи алоҳида  дар ҳайати нави Парлумон  ҷиҳати таъмини сокинони мамлакат бо зиндагии шоиста, пуштибонии бахши кишоварзии ҷумҳурӣ, мусоидат ба ташаккули  институтҳои иқтисоди бозорӣ  ва дар маҷмӯъ, таъмини амнияти озуқавории кишвар, ки яке аз се ҳадафи стратегии мамлакат маҳсуб меёбад, саҳми беназир гузорем. 
     Бояд тазаккур дод, ки тибқи натиҷаҳои муқаддамотии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар оид ба натиҷаҳои баргузории интихоботи парлумонӣ ба ҷонибдории ҲАТ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 450 ҳазору 275 нафар ё ин ки 11,8% интихобкунандагон раъй дода, ҲАТ дар Парлумон  соҳиби 3 мандат гардид. Инчунин ду номзади ҲАТ дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатаи  Восеъ №39 ва Спитамен №25 бо гирифтани овози бештар соҳиби мандати вакилӣ гардиданд. Дар маҷмӯъ, ҲАТ бо 5 номзад вориди палатаи поёнии Парлумони  Тоҷикистон -Маҷлиси  намояндагон мегардад.  

 

Март 3, 2015 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад