Конфронс бахшида ба иди «Ғалаба» дар ДМТ

Март 27, 2015 14:43

        Душанбе, 27.03.2015. (АМИТ «Ховар»,  Манижа Баҳромзода).- Дар  факултети  таърихи  ДМТ бахшида ба 70-умин  солгарди  ғалаба дар ҶБВ Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Таърихнигории саҳми халқи  тоҷик дар торумори Германияи фашистӣ» баргузор гашт, ки дар он устодону муаррихон ва аспирантони Донишгоҳҳои кишвар роҷеъ ба ин масъала  ибрози назар намуданд. Сафармамад Сафармамадов-муовини ректори ДМТ оид ба илм ҳозиринро барои мутаваҷҷеҳ  шудан ба масъалаҳои норӯшани ҶБВ  ва  инъикоси он дар рисолаву корҳои таҳқиқотӣ даъват кард. «Ин ҷанг имкон дод, ки низоми мустамликадорӣ аз байн бурда шуда, инқилоби нави илмӣ-техникӣ дар ҷаҳон пайдо шавад»,-иброз дошт Мусаммир Иброҳимов, профессори факултети таърихи ДМТ дирӯз дар конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба иди Ғалаба. Ба гуфтаи мавсуф заминаҳои асосии ҶБВ ба ақидаи олимон ҳанӯз солҳои пеш пайдо шудаанд, ки дар натиҷа ҷаҳон ба 2 қисм ҷудо шуда, роҳи нави тараққиётро пеш гирифт. 
        Амиршоҳ Ёрмуҳаммадов-дотсенти факултети таърихи ДМТ дар мавзӯи «Таърихнигории матбуоти тоҷик дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ»  маърӯза намуда, зикр кард ки нақши  матбуоти замони ҶБВ  низ дар  баррасӣ ва инъикоси ин ҷанг хеле назаррас буда, ҳатто як қисми ходимони матбуот, ба монанди  Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Дилмурод Элмуродов ва Аббос Иброҳим ба фронт рафта, қаҳрамонона ҳалок гаштанд: «Бисёр нависандаҳои мо дар ин давра қаламро бо яроқ иваз карданд, аз ҷумла Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим, Аминҷон Шукӯҳӣ ва Сотим Улуғзода дар фронтҳо корнамоӣ карданд»,-афзуд Амиршоҳ  Ёрмуҳаммадов.
         Дар муҳорибаҳои ҶБВ на танҳо аскарон ва шоирону нависандагон саҳм гузоштаанд, балки милитсияи тоҷик низ аз зумраи ин нафарон буд. Саидмуҳаммади Бобоҷон-аспиранти  факултети таърихи  ДМТ  дар робита ба ин гуфт, дар ин давра 1630 фиристодаи милитсия бар зидди фашизм мубориза бурд, ки 4 нафари онҳо қаҳрамони ҶБВ гашт. «Дар дохили Тоҷикистон сарҳадҳоро махсусан аз ҷониби Афғонистон нағз нигаҳбонӣ мекарданд, ки дар натиҷа зиёда аз 40 нафар иктишофчие, ки ба давлати Япония ва Англия тааллуқ доштанд, ошкор намуданд.»-мегӯяд  номбурда.
      Ёдовар мешавем, ки дар ҶБВ зиёда 200 000 шаҳрванди Тоҷикистон иштирок намуд, беш  аз  54  нафар  унвони  Қаҳрамони  Иттиҳоди Шӯравиро гирифтааст. 

Март 27, 2015 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд