М.Рустамова ҳайати Бонки умумиҷаҳониро ба ҳузур пазируфт

Март 19, 2015 11:33

Душанбе, 19.03.2015. (АМИТ «Ховар»).- Чанде  пеш  муовини  раиси Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  Манзура  Рустамова ҳайати Бонки  умумиҷаҳонӣ  бо  роҳбарии  мутахассиси  калони  бахши  нақлиёт Мария  Клаудия  Паучонро  ба  ҳузур  пазируфт. 
Назар  ба  иттилои ПСС ҶТ,  ҳайати  мазкур эҳтиёҷоти марбут ба монеаҳои  меъёрию  расмиятии  соҳаи  савдо  ҳангоми  интиқоли  транзитии  амвол дар  кишварҳои  Осиёи  Марказиро арзёбӣ  менамояд. 
«Нақлиёт ба истилоҳ  «рагҳои хунгарди» иқтисодиёти  ҳар  кишвар  маҳсуб  меёбад. Имрӯз  масоили  савдо  ва  ҳамгироии  Тоҷикистон  дар  ҳошияи Созмони  умумиҷаҳонии  савдо  ва  фазои  Авруосиё  дар  мадди  аввал  қарор  доранд. Аз  давраи  пайвастани  ҷумҳурӣ ба  Созмони  умумиҷаҳонии  савдо  муносибатҳои  мутақобилан  муфиди  иқтисодии  он бо аъзои  созмони  мазкур ба дараҷаи  баланд рушду густариш  ёфтанд»,  —  зикр намуд Манзура  Рустамова.
Муовини раиси  Палатаи  савдо  ва  саноат иброз  дошт, ки ташкилоти  мазкур бо созмонҳои  минтақавӣ   ҳамкории  доимӣ  дошта, ба  масъалаҳои  осон  гардонидани  расмиятҳои  гумрукӣ  ва  тарҳрезии  сиёсати  мутобиқшуда дар  соҳаи  савдо  ва  тааруфаҳо таваҷҷуҳи  хоса  зоҳир  мегардад.
Ба  гуфтаи  Манзура  Рустамова,  масъалаи  пурра  амалӣ  нашудани  созишномаю  муоҳадаҳои  бахши нақлиёт дар чорчӯбаи  комиссияҳои байниҳукуматӣ  ҳаллу  фасл  мешавад. 

Март 19, 2015 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад