Машқҳои муштараки низомӣ дар гарнизони Хатлон

Март 20, 2015 09:57

Душанбе, 20.03.2015.(АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар  гарнизони ҳарбии вилояти Хатлон бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии он ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои амалиётӣ-тактикӣ бо тирпарронии ҷангӣ баргузор гардиданд, ки дар он беш аз 30 ҳазор нафар ҷалб шуд.
Ҷараёни баргузории машқҳои муштараки Ситодӣ-фармондеҳӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ аз ҷониби вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо қатъӣ назорат шуд. Ҳамзамон сатҳи дониши командирон, сардорони ситод ва умуман ҳама иштирокчиёни машқҳои муштараки Ситодӣ-фармондеҳии ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ба таври суолу ҷавоб мавриди санҷиш қарор гирифт.
Ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои амалиёти тактикӣ дар чаҳор марҳила ба таври назариявию амалӣ ва дар давоми 6-рӯз идома ёфт. Даври якум ва дуюми маҷмӯи машқҳои муштараки Ситодӣ-фармондеҳӣ таҳти роҳбарии сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ муовини якуми вазири мудофиа Зариф Шарифзода ҷараён гирифта, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ бо ҷалби ҳама сохтору мақомоти давлативу қудратии вилояти Хатлон ташкил  шуд. Ба ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои амалиёти тактикӣ, раисони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, комиссарони ҳарбӣ, роҳбарон ва ҳайати шахсии ҷузу томҳои сохторҳои қудратии ин гарнизон ҷалб гардиданд. Дар ҳар як ноҳия дар баробари ситоди доимии минтақавӣ, инчунин захираи эҳтиётии даъватшавандагон, шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ буда, техникаҳои хоҷагии халқ ва дигар лавозимоте, ки барои баргузории ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ заруранд, ҷамъ оварда шуданд.
Ҳадаф аз баргузории маҷмӯи машқҳои амалиёти тактикӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, дар вилояти Хатлон ин сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагони машқҳо дар ташкили амалиёти бомуваффақонаи ҷангӣ, ҳамоҳангии сохторҳои низомии мамлакат дар сурати ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти дастаҳои амалиётӣ-тактикӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рӯҳиву равонӣ, қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ ва сафарбарии қӯшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи ҷангӣ дар шароити дашту саҳро ва кӯҳистони ҳудуди ҷумҳуриро дар бар мегирифт.
Дар толори яке аз қисмҳои низомии қӯшунҳои хушкигард ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои амалиёти тактикӣ натиҷагирӣ ва ҷамъбаст гардиданд. Вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо изҳор дошт, ки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, амалҳои террористиву экстремистӣ, зиёдшавии равияу ташкилотҳои гуногуни ғайриқонунӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби аср, ки имрӯз ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди хатар мекунанд, аз мо низомиён ва дигар афроди ватандӯст зиракии сиёсӣ, омодагии баланди ҷангӣ, хизмати содиқонаро ба Ватан ва масъулияти баланди фарзандиро дар назди халқ тақозо мекунад.
 

Март 20, 2015 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид