Медали тиллои Хушқадам Хусравов дар Ҷоми ҷаҳонии самбо
Душанбе, 30.03.2015.(АМИТ”Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Хушқадам Хусравов — паҳлавони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо, ки ба ёдбуди Харлампиев дар Маскав баргузор шуд, дар вазни 62 кило бар рақибонаш пирӯз омада, соҳиби медали тилло гардид.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ мусобиқаи байналмилалии «Ёдбуди Анатолий Харлампиев”, поягузори гӯштини самбо, ки Ҷоми ҷаҳонӣ ҳисоб меёбад, шаби 29-уми март дар Маскави Русия ба анҷом расид. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи пурнуфузтарини самбо танҳо як варзишгар — Хушқадам Хусравов, паҳлавонони маъруфи тоҷик намояндагӣ кард.
Вай дар сабқати самбои варзишӣ байни мардон дар вазни зери 62 кило бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба даври ниҳоӣ баромад. Хушқадам дар қувваозмоии ниҳоӣ бар варзишгари Қазоқистон Йессет Куанов бо ҳисоби 6:3 ғалаба кард ва барои ҷойи аввал бо медали тилло ва ҷоизапулӣ сарфароз гашт. Дар ин вазн ҷойҳои севумро Иван Анискевич (Беларус) ва Шмаги Лагазаури (Гурҷистон) соҳиб шуданд.
Мусобиқа дар 9 вазн байни мардону занон дар риштаи самбои варзишӣ ва байни мардон дар намуди самбои размӣ баргузор шуд.
Мусобиқаи байналмилалии «Ёдбуди Анатолий Харлампиев», ки аз соли 1980 гузаронида мешавад, аз соли 2009 яке аз даврҳои муҳимтарини Ҷоми ҷаҳон, Суперҷом ё Ҷоми олии ҷаҳонии самбо ба шумор мерафт. Сар аз соли 2015 ин мусобиқа расман ягона Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад.
Ёдовар мешавем, Хушқадам Хусравов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё, ки моҳи июни соли 2014 дар пойтахти Ӯзбекистон — Тошканд баргузор шуд, дар рақобатҳо дар вазни то 62 кило ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гаштааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






