Мизи мудаввар оид ба муҳоҷирони меҳнатӣ
Кӯлоб, 19.03.2015. (АМИТ «Ховар», Фарҳод Мадаминов).-Дар Китобхонаи вилоятии шаҳри Кўлоб оид ба барномаи «Коҳиш додани оқибатҳои манфии иқтисодию иҷтимоии муҳоҷирати меҳнатӣ ба тариқи мустаҳкам намудани хадамоти ҳифзи оила ва кўдакони муҳоҷироне, ки дар Тоҷикистон иқомат мекунанд» мизи мудаввар баргузор гардид. Барномаи мазкур бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии «Ранҷбар» таъсис дода шуд.
Оғози лоиҳа аз 17-уми июли соли 2014 то декабри 2015, муҳлати лоиҳа 18 моҳ буда, маблағи умумӣ 7 890 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Лоиҳаи мазкур ба баланд бардоштани сатҳи огоҳкунӣ дар байни оилаҳои муҳоҷирон ба таври ройгон равона шудааст. Фаъолияти лоиҳа дар ҷамоатҳои деҳоти Зарбдор, Кўлоб, Зиракӣ, Даҳана ва шаҳри Кўлоб сурат мегирад. Бо гуфти ҳамоҳангсози лоиҳа Муслимҷони Саймурод чорабинӣ ба пурқувват намудани ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо байни сохторҳои органҳои давлатӣ, лидерони ҷомеаҳо, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ равона шудааст. Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Созмони байналмилалии муҳоҷират маблағгузорӣ шудааст.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






